барои пайдоиши Меҳдии ваъдашуда бисёр дуо бояд кард

Дар ҳақиқат, Худои таъоло дар китоби худ фармудааст (Тавба - 33):

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَ دِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ (التوبة – 33)

Ӯ касест ки паёмбари худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар тамоми динҳо пирӯз гардонад, ҳатто агар мушрикон хушнуд нашаванд.

Бар асоси ин башорат Қуръон, ҳеҷ кас дар замин боқӣ нахоҳад монд, магар онки ӯ рисолати Муҳаммад (с) -ро иқрор кунад. Аммо ин ҳанӯз амалӣ нашудааст ва ин пешгӯӣ ногузир бояд дар оянда бошад.

Бешак, ҳангоми омадани Маҳдӣ, иҷрои ин оят ва пирӯзии дини Ислом бар ҳамаи динҳо амалӣ хоҳад шуд. Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт ки зуҳури Маҳдии ваъдашуда аз иродаи Худои Мутаол мебошад ки танҳо бо фармони ӯ дар сурати фароҳам оварда шудани шароит ба даст оварда мешавад.

Ҳеҷ кас наметавонад замони омадани Маҳдиро пешгӯӣ кунад, аммо албатта муштоқони Маҳдии бояд ҳамеша ва ҳар лаҳза дар интизори зуҳури ӯ бошанд. Аз ин рӯ, барои ҳамаи онҳое ки дар интизори Маҳдӣ умедворанд, муносиб аст ки ҳарчи бештар барои “Зудтар омадани ӯ” (ТАЪҶИЛИ ФАРАҶ) дуо кунанд.

Маънии " ТАЪҶИЛИ ФАРАҶ " дар он аст ки мардум аз Худои таъоло талаб кунанд ки заминаҳо ва шароити зуҳури Маҳдии ваъдашударо фароҳам оварад ва монеаҳои зуҳурро рафъ кунад то ки биёад. Аз ин рӯ, бояд самимона ва аз дил барои омадани Меҳдии ваъдашуда дуо кард ва ҳар замон метавон дуа кард аммо беҳтарин вақти дуа пас аз ҳар ҳар намози фарз аст, ва ҳамчунин субҳидам, Тулӯи офтоб ва ғуруби офтоб ва ҳангоми боридани борон.

Албатта, бояд донист ки саъйи мардум ҳам муҳим аст, яъне Илова ба дуо, мардум ҳам метавонанд вазифаҳои динии, худсозӣ, поксозии худ(Таҳзиби нафс), дурӣ аз гуноҳон, хидмат кардан ба дигарон, нашри ҳадисҳои саҳеҳ ва худро барои зуҳур омода кардан, метавонанд зуҳури Маҳдиро суръат бахшанд.

Дар ҳақиқат, Маҳдӣ яке аз захираҳои худост. Худо бар тамоми башарият раҳм кунад ва зуҳури пур аз баракати Маҳдии ваъдашударо аз хонадони (Аҳли Баӣт) Паёмбари Ислом ва насли Фотима наздик кунад.

Барои “Зудтар омадани маҳдӣ” (ТАЪҶИЛИ ФАРАҶ) бисёр дуо кунед ки наҷоти шумо ҳамон аст.